Маъмурони амниятӣ иттиҳоми зидди Хуршед Фозилов, рӯзноманигори дастгиршудаи тоҷикро эълон кардаанд. Ӯ дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд аст.
Бародараш, Хушбахт Фозилов, мегӯяд, ӯ ба "даъвати оммавӣ барои бо зӯр тағйир додани сохти конститутсионӣ" гумонбар аст, вале на худаш ва на пайвандон қабул надоранд.
Кӯшиши мо барои гирифтани шарҳи мақомоти амниятии Панҷакент то ин дам бенатиҷа буд. Далели онҳо барои эълони иттиҳом маълум нест.
Хушбахт Фозилов 13-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, бародарашро рӯзи якшанбе ва дар ҳузури вакили мудофеъ дид. "Аз саломатияш шикоят надошт. Осори шиканҷа ҳам дида намешуд, аммо хароб шудааст," – афзуд мусоҳиби мо.
Вай илова кард, ки "мақомот Хуршедро бар асоси моддаи 307, қисми 2, банди "г"-и Кодекси ҷиноӣ (Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет) муттаҳам кардаанд. Ҳоло вакили мудофеъ машғули ҳимояи ҳуқуқии бародарам аст."
Ин банди қонуни ҷиноӣ аз се то ҳашт сол зиндонро дар назар дорад.
Хушбахт Фозилов мегӯяд, бародараш иттиҳомро комилан рад карда, дар ҳаққаш туҳмат донист.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар айни замон пайвандони рӯзноманигори боздоштшуда аз шурӯи як маъракаи, ба гуфтаашон, бадномсозии ӯ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук нигарон ҳастанд. Шахсе бо имзои Шараф Каримов дар матлабе иддао кардааст, ки "ӯ маълумот надорад"; "роҳи ғалатро интихоб кард"; "ба мардумфиребӣ даст зад".
Хушбахт Фозилов мегӯяд, бародараш Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, ҳамвора аз тарафи мақомот дар Панҷакент ифтихорнома гирифтааст.
Хуршед Фозиловро рӯзи 6-уми марти имсол дар Идораи кору муҳоҷирати шаҳри Панҷакент дастгир карданд. Ӯ бештар дар масъалаҳои иҷтимоӣ, бахусус мушкили мардуму камбуди мақомот менавишт. 37-сола ва падари се фарзанд аст.
Дар як соли охир дар Тоҷикистон ҳафт хабарнигору блогер дастгир ва аз 7 то 20 сол зиндонӣ шуданд.
Созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон ва намояндагони кишварҳои ғарбӣ ҳукуматро ба фишори афзоянда ба хабарнигорон танқид карданд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, хабарнигорон ба ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ гунаҳкор шуданд.