Ширкати Ҳабибулло Абдуқодир, соҳибкори уйғур, ки аз ӯ ба унвони созмондиҳандаи империяи қочоқи мол дар Осиёи Марказӣ ном мебаранд, дар шаҳри Бишкек меҳмонхонаи бузургтарин ва масҷид хоҳад сохт.
Содир Ҷабборов (Жапаров), раиси ҷумҳури Қирғизистон, 10-уми март дар Бишкек санги асоси маҷмааи бузурги тиҷориеро гузошт, ки аз меҳмонсарой, марказҳои савдо ва тарабхона иборат аст. Вай, инчунин, ба сохтмони масҷиде дар деҳаи Орто-Сойи шаҳр барои 20 ҳазор намозгузор оғоз бахшид.
Дар аксу видеоҳое, ки хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон нашр кард, Ҳабибулло Абдуқодир дида мешавад ва ҳузури шахси муттаҳам ба қочоқ дар чорабинии расмӣ баҳсҳои тундеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард.
Ҷабборов 11-уми март дар суҳбат бо хабаргузории расмии "Кабар"-и Қирғизистон ҳамкориро бо Абдуқодир шарҳ дода, ӯро соҳибкор номид. Вай гуфт, масҷид бепул ва меҳмонхона дар замине сохта мешавад, ки чанде пеш фурӯхта шуда буд.
Бахши қирғизии Радиои Озодӣ якҷоя бо Маркази таҳқиқоти фасодкорӣ ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP) ва сомонаи Kloop.kg қисмати дувуми таҳқиқоти рӯзноманигориро дар бораи ба хориҷ бурдани 700 миллион доллар аз Қирғизистон нашр карданд.
Соҳибкори чинӣ Айеркен Саймаитӣ, ки дар шаҳри Истанбули Туркия тирамоҳи соли 2019 кушта шуд, гуфта буд, Абдиқодир таҳти ҳимояти Раимбек Матраимов, муовини пешини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон аз Чин ба Ӯзбекистон мол интиқол медод.
Саймаитӣ ҳамчунин гуфта буд, ки на камтар аз 700 миллион доллари марбут ба Абдуқодирро аз Қирғизистон ба хориҷ бурдааст.