Шаҳрвандони Туркманистонро маҷбур мекунанд, то пеш аз сафар ба Туркия расман баёнот диҳанд, ки дар он кишвар ба фаъолиятҳои зиддиҳукуматӣ машғул нахоҳанд шуд.
Бунёди Ҳелсинкии Туркманистон оид ба ҳуқуқи башар мегӯяд, шаҳрвандони ин кишвар дар ҳоле иҷозати сафар ба Туркияро дарёфт мекунанд, ки шахсе кафили амалҳои онҳо шавад.
Эътирозҳои зиддиҳукуматии муҳоҷирони Туркманистон дар Туркия Ишқободро маҷбур сохт, ки аз Анқара дархост кунад, то низоми бидуни раводид миёни ду кишварро бекор намояд. Ҳукумати Туркманистон гуфт, ин иқдом ба хотири "таъмини амнияти шаҳрвандон" сурат гирифт.
Мақомоти Туркия моҳи сентябри соли гузашта барои шаҳрвандони Туркманистон маҳдудияти навро ҷорӣ карданд.
Бунёди Ҳелсинкии Туркманистон оид ба ҳуқуқи башар 5-уми март бо истинод ба ду блогери туркман гуфт, шахсе, ки кафили сафари шаҳрванди Туркманистон ба Туркия мешавад, набояд аз 2000 ҳазор манат (100 доллар бо қурби бозори сиҳё) камтар даромад дошта бошад.
"Бидуни номаи кафил раводид намедиҳанд. Агар шаҳрванди Туркманистон баъди анҷоми муҳлати раводид ба ватан барнагардад кафил аз ҷои кораш ихроҷ хоҳад шуд", - гуфтааст блогери туркман бо номи Гадам.
Бунёд афзудааст, ки маҳдудияти нави сафари шаҳрвандони Туркманистон ба Туркия хилофи қонуни муҳоҷирати ин кишвар аст.