Украина шахсияти асири кушташударо муайян кард

Шахсияти асири украинӣ, ки видеои қатли ӯ аз сӯи нерӯҳои Русия дар моҳи март ба Интернет роҳ ёфт, муайян шудааст.

Хадамоти амнияти Украина иттилоъ дод, ки низомии кушташуда нишонзан ё снайпери баталйони 163-уми гуруҳи алоҳидаи мудофиаи минтақавии вилояти Чернигов Александр Матсиевский мебошад.

"Тасдиқи ниҳоии шахсияти қаҳрамон баъди анҷоми маҷмуи амалҳои тафтишотӣ, аз ҷумла суҳбат бо дустону наздикони ӯ ва коркарди аксу наворҳо ба даст омад", - омадааст дар иттилоияи Хадамоти амнияти Украина.

Матсиевский моҳи марти соли гузашта ба хидмати ҳарбӣ ҷалб ва охирҳои моҳи декабр бедарак шуда буд. Тибқи иттилои манбаъ, низомии украинӣ 30 декабр кушта шудааст ва ҷасади ӯро моҳи феврал ба наздиконаш супурдаанд.

Президенти Украина Владимир Зеленский рӯзи якшанбе ба низомии кушташуда унвони қаҳрамонӣ дод.

Рӯзи 6-уми март дар "Телеграм" наворе паҳн шуд, ки дар он марди бесилоҳ бо либоси монанд ба сарбозони артиши Украина пас аз гуфтани "Шараф ба Украина" бо тирҳои паёпай аз сӯи нерӯҳои Русия кушта мешавад.

Давоми беш аз як соли ҷанги Русия дар Украина даҳҳо навори кушта шудани низомиёни асири украинӣ ва рус паҳн шудааст. Дар ҳар маврид ҷонибҳо ҳамдигарро гунаҳкор мекунанд.

Ҳукумати Украина расман хабар дода буд, ки даст доштани сарбозонаш дар қатли асиронро месанҷад, вале аз натиҷаи ин таҳқиқ дигар хабаре нашр нашуд. Мақомоти Русия дар бораи кушта шудани низомии асири украинӣ шарҳе надодаанд.