Марги панҷ паноҳҷӯ дар Туркия, дар роҳ ба сӯйи Юнон

Акс аз бойгонӣ

Панҷ паноҳҷӯ рӯзи 11-уми март дар ҷануби ғарби Туркия ғарқ шудаанд.

Мақомоти Туркия гуфтанд, онҳо бо як заврақ зоҳиран ба самти Юнон равон буданд.

Горди соҳилии Туркия дар эъломияе гуфт, ёздаҳ паноҳҷӯро наҷот дод ва ҷасади панҷ нафари дигарро аз об берун овард.

Тайи моҳҳои охир гузоришҳо дар мавриди ғарқ шудани паноҳҷӯёни чандин кишвар, аз ҷумлаи афғонҳо, зиёд шудааст.