Попи Рум шарташро барои сафар ба Украина гуфт

Поп Франсис, раҳбари католикҳои ҷаҳон. Ватикан, 24-уми феврали 2023

Пешвои католикҳои ҷаҳон гуфт, омодааст, ба Украина биравад. Кишваре, ки зиёда аз як сол боз зери ҳамлаҳои Русия аст.

Вале Попи Рум, Франсис, гуфтааст, ин сафар танҳо ба шарте имконпазир аст, ки ӯ битавонад ба Русия ҳам биравад.

Попи Рум рӯзи 11-уми март дар мусоҳиба бо нашрияи аргентинии La Nacion гуфт, "ё ман ба ҳардуи кишвар меравам ё ба ҳеч яке аз онҳо."

Ба қавли ӯ, ба ҷанг дар Украина танҳо тавассути муколама ва ташаббусҳои мушаххаси сулҳ поён додан мумкин аст.

Рӯҳонии 86-сола ҳанӯз тобистони соли гузашта дар фикри сафар ба Украина буд. Он вақт низ гуфта буд, ки мехоҳад ҳам аз Киев ва ҳам аз Маскав дидан кунад.