Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон 10-уми март хабар дод, ки дар вилояти Намангони Узбекистон ду нафар ба гумони рабудан ва ғайриқонунӣ нигаҳ доштани як қирғизистонӣ дастгир шудаанд.
Тибқи иттилои кумита, шаҳрванди Қирғизистон О.С.Т. 28-уми феврали имсол ба ин ниҳод муроҷиат карда, гуфтааст, шахсони ношинос бародари ӯ - О.Т.Т.-ро дар ҳудуди Узбекистон ба гарав гирифтаанд.
Дар иттилоияи расмии кумита омадааст, "сокинони боздоштшудаи Намангон 23-юми октябри соли гузашта шаҳрванд О.Т.Т.-ро бо роҳи фиреб тавассути гузаргоҳи марзии "Баймак" ба Узбекистон бурда, дар онҷо ӯро 5 моҳ нигаҳ доштаанд ва бар ивази раҳоии вай аз наздиконаш 50 ҳазор доллар гирифтанд".
Шаҳрванди Қирғизистон дар натиҷаи як амалиёти муштарак бо Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон 7-уми март ба ватан баргардонида шудааст.