Дар пайи поккории зеру атрофи “Пули сӯхта” дар Кобул аз онҷо даҳҳо ҷасад ёфтаанд ва мегӯянд, ки онҳо эҳтимол муътоди маводи мухаддир буданд.
Зери "Пули cӯхта" дар бист соли охир “паноҳгоҳ”-и нашъамандони Кобул буд. Толибон онҳоро боздошту латукӯб карда бурдаанд ва бархеро дар зиндон бо ҷинояткорони ашаддӣ ҷой додаанд.
Дар ин миён аз сарнавишти занони муътод хабаре нест.
Ободкории “Пули сӯхта”-ро бахши хусусӣ бар уҳда гирифтааст. Чанд рӯз пеш дар болои ҳамин пул намоишгоҳи китобхонӣ ҳам баргузор шуд, ки ҷузъе аз фаъолияти фарҳангӣ ба ҳисоб меравад.
Агарчӣ мӯътодон аз “Пули сӯхта” дур андохта шудаанд, аммо дар манотиқи дигари Кобул ҳузури онҳо густарда аст.
Бар пояи оморҳо, Афғонистон севуним миллион муътоди маводи мухаддир дорад, ки тақрибан 10 дарсади аҳолии ин кишварро ташкил медиҳад.