Вазири дифои Словакия гуфт, фурсати он расидааст, ки қарори ирсоли ҳавопаймоҳои ҷангии Миг-29 ба Украина қабул шавад. Ярослав Над рӯзи 9-уми март бо ишора ба 11 ҳавопаймои тобистони порсол аз парвоз боздошташуда, ки бархе корношоям ҳастанд, гуфт, Словакия бояд қароре дар заминаи ирсоли онҳо қабул кунад. Над гуфт, ки рӯзе аз он пеш дар як ҷаласаи Иттиҳоди Аврупо бо вазири дифои Полша ҳамсуҳбат шуд ва ӯ ҳам гуфт, ки Варшава розӣ аст ин қарорро дастгирӣ кунад.
Кишварҳои ғарбӣ, ки то ҳол ба Украина бо силоҳ кумак кардаанд, бо фиристодани ҳавопаймоҳои ҷангӣ розӣ нестанд. Полша гуфтааст, ки чун узви эътилоф омода аст ҳавопаймоҳои ҷангӣ фиристад.