“Секси гурӯҳӣ”. Фарида сӯиистифода аз исломро танқид кард. ВИДЕО

Фарида Тарона, овозхони афғонистонӣ

Фарида Тарона, овозхони афғонистонӣ бо иҷрои оҳанге бо номи “Секси гурӯҳӣ” зидди бисёрзанӣ ва озори занон садо баланд кард.

Ӯ мегӯяд, тавассути мусиқӣ ва оҳанг барои ҳифзи ҳуқуқи занон дар Афғонистон талош хоҳад кард.

Ин сароянда ахиран суруде хонд, ки дар Афғонистони пазируфтанӣ нест. Барои ин суруд ӯро дар шабакаҳои иҷтимоӣ танқид карданд.

Овозхон дар ин оҳангаш бархе аз мардонро ба дарки нодурусти ислом айбдор кардааст.

Видеоро инҷо бинед:

Фарида Тарона мегӯяд, ин оҳанг оғози муборизаи ӯ зидди озору азияти занон аст.

"Як мард муҷоз аст чор зан бигирад,

Ин секси гурӯҳист ё қатли занон аст?

Ё қимати нон аст?

Як умр фақат дар пайи андоми занонанд,

Андар кафи як сурату як синаву ронанд."

Фарида дар гузашта дар дохили Афғонистон вакили дифоъ буд ва сарнавишти талхи занонро аз наздик шоҳид шудааст.

Ӯ гуфт, мазмуни суруди “Секси гурӯҳӣ” воқеӣ аст ва чунин бархӯрд бо занҳоро дар Афғонистон шоҳид шудааст. “Ба унвони вакил дар Афғонистон ман ҳамеша ба зиндонҳо мерафтам ва аксари касоне, ки дар зиндон буданд, аз хонаҳои худ фирор кардаанд. Яке аз онҳое, ки ба дарди дилаш гӯш кардам, хонуме буд, ки маҷбур буд, бо шавҳаре зиндагӣ кунад, ки чанд ҳамсар дошт. Ӯ ба хотири фишори рӯҳиву равонӣ аз хона фирор карда, баъдан зиндонӣ шуд,”—нақл кард, Фарида.

Барои ин суруд бархе корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ӯ ҳамлаҳои лафзӣ карданд.

Фарида мардонро ба тафсири нодурусти ояҳои Қуръон ба фоидаи худ айбдор мекунад

Ӯ гуфт: “Ислом гуфтааст, ки метавонӣ чор зан бигирӣ, аммо мушаххас тибқи шароити бисёр муваҷҷаҳ гуфта шудааст. Аммо моҳияти аслӣ фаромуш мешавад. Чизе, ки муҳим аст, гирифтани 4 зан аст. Мо инро ба ҳазорҳо ва миллионҳо марди афғон дар дохил ва гоҳе берун аз Афғонистон шоҳид мешавем, ки бидуни дар назар гирифтани ҳеҷ кадом аз он шартҳо, фақат ҳамин “иҷозат дода шуда”-ро дар сар гирифта зан мегиранд.”

Фарида дар кишвари аврупоии Нидерланд зиндагӣ дорад ва оҳанги “Секси гурӯҳиро” оғози муборизаи худ бо озордиҳандагони занон медонад. Ӯ гуфт, талош мекунад, то бештар чунин таронаҳо эҷод кунад.

Бо исми худо сад рагу гардан бибуриданд,

Бар ҷони ҷавонони ватан марг дамиданд,

Мобайни занону қаламу мактабу фарҳанг,

Девор кашиданд, девор кашиданд.

Бо ҳукми ҳиҷобу зану эъдом расиданд,

Бо бурқа ба даври тани зан тор таниданд.