Дар Узбекистон санаи баргузории раъйпурсиро эълом карданд

Парлумони Узбекистон рӯзи 10-уми март қонуни даъвати баргузории референдум ё ҳамапурсии тағйири конститутсияи кишварро дар таърихи 30-юми апрел қабул кард.

Конститутсияи навшуда ба президенти амалкунанда Шавкат Мирзиёев имкон медиҳад, дар интихоботи раёсатҷуҳурии оянда ширкат кунад ва ӯ шонс дорад то соли 2040 дар қудрат бимонад

Узбекистон дар Конститутсияи нав давлати иҷтимоӣ эълом гашта, меъёри уҳдадориҳои иҷтимоии давлат дар баробари шаҳрвандон се баробар афзоиш меёбад.

Ваъдаи таъмини озодии баён ва озодии иттилоот яке дигар аз нукоти муҳим дар матни Конститусияи нав аст. Мунаққидон инро чун талоши эҷоди ҳукумати автократӣ дар Узбекистон арзёбӣ ва танқид мекунанд.

Дар лоиҳаи нави Конститутсия банде низ илова шудааст, ки интихоби як шасхро беш аз ду маротиба пайиҳам дар як мақом манъ мекунад. Ин меъёр, аз ҷумла ба президент ва раисони ҳар ду палатаи порлумон дахл хоҳад дошт.