Идомаи гуфтугӯҳо барои муайян кардани марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Гурӯҳҳои ҳукуматии маконнигории Тоҷикистону Қирғизистон имрӯз даври дигари гуфтугуҳо дар бораи таъйину аломатгузории гӯшаҳои баҳбсарангези сарҳади ду кишварро оғоз карданд.

Гуфтугӯҳо дар Душанбе сурат мегиранд ва аз рӯзи 10-ум то 16-уми март идома мекунад.

Аз ин пештар мутахассисони ду тараф рӯзҳои 3-ум то 9-уми феврал дар шаҳри Бишкек гуфтугӯ доштанд ва ёддоште дар ин замина имзо кардаанд, вале маълум нест, гурӯҳҳои маконнигорӣ дар бораи таъйину аломатгузории чанд километри дигари марз ба мувофиқа расидаанд.

Бо гузашти се даҳсола аз истиқлоли ҳарду кишвар, аз 987 километр марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон бештар аз 300 километри дигар ҳанӯз бе аломату баҳсбарангез аст.

Аз ин рӯ байни сокинони ду тараф барои манобеи табиӣ, ба мисли об, чарогоҳу замин ва роҳ муноқиша сар мезанад ва ба хунрезиҳои сахт ҳам печидааст.