Дар Қазоқистон коргарони як ширкати обу гармидиҳӣ эътироз карданд

Эътирози коргарон дар шащри Жезказгани Қазоқистон.

Дар шаҳри Жезказгани вилояти Улитауи Қазоқистон рӯзи 9-уми март ҳудуди 60 коргари ширкати обу гармидиҳӣ даст ба эътироз заданд.

Онҳо бештар аз чаҳор соат дар кӯча истода, аз кор кардан худдорӣ варзиданд. Онҳо талаби ҳалли мушкили молӣ ва беҳтарсозии шароити кориро доранд. Коргарон гуфтанд, аз ваъдаҳои ширкат "хаста" шудаанд.

Роҳбарони ширкат гуруҳи ташаббускори коргаронро барои гуфтугӯ ба дохили бино даъват карданд. Коргарони дигар пушти дар боқӣ монданд ва танҳо дар нимаи дувуми рӯз ба кори худ пардохтанд.