Афроди ношинос дар Русия ба номи садҳо муҳоҷири корӣ аз Осиёи Марказӣ қарз гирифта, онҳоро дар вазъияти мушкил гузоштаанд. Акнун мардикору роҳрӯб ва бинокорони зиёди тоҷику қирғиз намедонанд, чӣ гуна ва аз куҷо ҳазорҳо рублро пайдову пардохт кунанд. Пуле, ки ба номи онҳо, вале ба коми дигарон рафтааст.
"Қарз ба номат ҳаст, бояд супорӣ"
"100 ҳазор рубл буд, ҳоло ҳамроҳи фоиз (баҳра) ба 249 ҳазор расид." Ин нақли як муҳоҷир аз Қирғизистон дар Русия аст, ки ба доми, ба гуфтааш, "қаллобони телефонӣ" уфтод.
Иддао дорад, ки ӯ ва садҳо муҳоҷири дигар аз Осиёи Марказӣ пас аз истифода аз барномаи "Золотая корона" дар телефон фиреб хӯрданд. Ба нақли Бақит ном муҳоҷир аз Қирғизистон, қаллобон дар аксар маврид аз рӯйи як нақша кор мекунанд.
"Ба муҳоҷирон занг зада, худро корманди бонк муаррифӣ мекунанд, ному насаби муштариро мегиранд ва барои ба боварии ӯ даромадан дар бораи амалиёти охирини анҷомдодааш тариқи "Золотая корона" маълумот медиҳанд. Сипас аз муштарӣ мехоҳанд, рамзеро, ки ба телефонаш омадааст, фиристад,” – гуфт ӯ.
Чанд муҳоҷири тоҷикро ҳам ба ҳамин тарз фиреб дода, даҳҳо ҳазор рубл қарздор кардаанд. Ба баъзе аз онҳо ваъда шудааст, ки чун подош дар суратҳисоби муштарӣ пули изофӣ ё бонус мегузаронанд. Яке аз ин муҳоҷирон ба номи Равшан дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ваъда бовар кард ва ҳоло намедонад, даҳҳо ҳазор рублеро, ки ба номаш қарз гирифтаанд, чӣ гуна баргардонад.
“Як нафар занг зад. Гуфт, дар телефонат барномаро дорӣ? Гуфтам: не, бо карта пул мефиристам. Гуфт, худатро дар барномаи “Золотая корона” сабтином кун, нусхаи шиноснома ва корти муҳоҷирататро фирист, пул мегузорем. Ҳамин корро кардам. Баъди ду моҳ даромада бинам, 16 ҳазору 600 рубл қарздор шудаам. Намояндаи ширкат гуфт, қарз ба номат ҳаст, бояд супорӣ,” – нақл кард муҳоҷири тоҷик.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Страна экпресс" ё "Золотая корона"?
Масъуда, муҳоҷири қирғизистонӣ, мегӯяд, қаллобон тамоми маълумоти ӯро аз қабл медонистанд. “Онҳо медонистанд, ки кай ва чӣ миқдор маблағ фиристодаам. Ба ман як “код” омад ва ман 50 ҳазор рубл қарздор шудам,” – шикоят кард ӯ.
Ба ин тартиб, қаллобон баъзе аз муҳоҷиронро 10 ҳазор ва бархеро то 200 ҳазор рубл қарздор кардаанд. Ба гуфтаи ҷабрдидаҳо, ин пул аввал ба суратҳисоби онҳо гузашта, “зуд ғайб задаст”. Чанде аз муҳоҷирон замоне аз қарздор будани худ огоҳ шудаанд, ки хостанд, аз бонк қарз бигиранд.
Муҳаммадзоҳир Беков, масъули ширкати қарзии “Гоффман”, гуфт, “бисёре аз муҳоҷирон вақте барои сабтиноми патент муроҷиат мекунанд, маълум мешавад, аз ширкати хурди “Страна экспрес” қарздоранд. Ин ширкат дар дохили “Золотая корона” аст. Худашон намедонанд, ки чӣ гуна ин қарз пайдо шудааст.”
Ҳоло пулис ба таҳқиқи қазия сар кардааст. Онҳо роҳҳои ба дасти қаллобон афтодани маълумоти шахсии муштариёни “Золотая корона”-ро месанҷанд. Масъулони барномаи интиқоли пулӣ мегӯянд, қарзро на онҳо, балки шарикашон, ширкати қарздиҳии “Страна экспресс”, медиҳад.
Оксана Соколова, намояндаи "Страна Экспресс", гуфт, “чӣ гуна маълумоти шахсӣ ба дасти қаллобон афтидааст, маълум нест. Мо санҷишро идома медиҳем.”
Намояндагони ҷомеаи муҳоҷирони қирғиз дар Маскав мегӯянд, қаллобон бо таваҷҷӯҳ ба он ки муҳоҷирон забони русиро хуб намедонанд, махсус онҳоро нишон гирифтаанд. Дар баъзе ҳолат, фиребгарон муҳоҷиронро таҳдид кардаанд, ки корти муҳоҷирати онҳо бекор карда мешавад.
Кубаничбек Усмонбеков, раҳбари ҷомеаи қирғизҳо дар вилояти Маскав, гуфт: "Мо аллакай бо намояндагони “Золотая корона” суҳбат кардем. Онҳо мегӯянд, гуноҳ надоранд ва таъкид карданд, ки ҳоло сари масъала кор мебаранд, то пеши роҳи қаллобон гирифта шавад.”
Барои фиреби муҳоҷирон пулиси Маскав чандин парванда кушодааст. Агар тафтиш ошкор кунад, ки “Золотая корона” барои ҳифзи маълумоти корбарон ба қонуншиканӣ роҳ додааст, муҳоҷирон аз пардохти қарз халос мешаванд. Дар акси ҳол маҷбуранд, ин қарзҳоро, ки баҳраашон ҳар рӯз бештар мешавад, бипардозанд.