Идомаи ҳамлаҳои Русия ба шаҳрҳои Украина

Лвов, Украина, 9-уми марти 2023

Нерӯҳои Русия шаби 8-ум ва субҳи 9-уми март шаҳрҳои Украинаро мушакборон карданд.

Мақомоти Лвов, шаҳре дар марзи Полша (Лаҳистон) хабар доданд, ки дар ин ҳамлаҳо панҷ нафар кушта шуд. Ба гуфтаи мақомот, дар вилояти Донетску Днепропетровск ду кас ҷон бохт.

Мақомоти Украина гуфтанд, Русия давоми шаш соат тариқи мушакҳои болдору баллистикӣ ва паҳподҳои эронӣ 81 ҳамла анҷом дод.

Ҳамлаҳо дар вилояти Харков ва шаҳри Киев, пойтахти Украина, низ харобиҳо ба ҷой гузоштаанд.

Вазорати дифои Русия ҳанӯз дар бораи ин ҳамлаҳо хабар надодааст, вале ҳамеша ҳамла ба маҳаллаҳои аҳолинишинро рад мекунад.