Мудири Идораи Миллии Истихборотии Амрико гуфтааст, артиши Русия шояд имсол натавонад, қаламравҳои зиёди Украинаро ишғол кунад ва аз талафоте, ки дар ҷанг додааст, ба осонӣ ба худ биёяд.
Эврил Ҳейнс ҳангоми суҳбат дар ҳузури вакилони амрикоӣ рӯзи 8-уми март гуфт, айни замон раҳбарони Русия набудани пешравиро дар ҷанг бисёр муҳим намешуморанд, зеро Владимир Путин ҷанги тӯлониро барои таъмини манфиатҳои стратегии Русия беҳтар мешуморад.
Нерӯҳои Русия дар бисёре аз ҷабҳаҳои ҷанг дар Украина дармондаанд, вале дар вилояти Донетск пешравиҳое доштаанд.
Бино ба арзёбии идораҳои иттилоотии Амрико дар сурати шикасти ҷиддии Русия дар ҷанги Украина мумкин аст, пояҳои ҳукумати раиси ҷумҳур Владимир Путин ларзонак шавад.