Нисфе аз шаҳрвандони Русия рафтори онҳоеро, ки бо оғози сафарбаркунии оммавӣ аз кишвар фирор намудаанд, маҳкум мекунанд.
Як назарпурсии маркази “Левада” маълум кардааст, ки 52 дарсади русиягиҳо аз чеҳраҳои маъруфе, ки баъди оғози ҷанг тарки кишвар кардаанд, танқид мекунанд.
Ҳамагӣ 10 дарсади пурсидашудаҳо гуфтаанд, онҳоеро, ки дар пайи сафарбарӣ ба хориҷ рафтанд, дарк мекунанд.
49 дарсад пешниҳоди вакилону мансабдорони Русияро дар бораи маҳрум кардани мунтақидони Русия аз моликият пуштибонӣ кардаанд.
Дар пайи эълони сафарбарии қисмӣ дар соҳи сентябри соли гузашта, садҳо ҳазор шаҳрванди Русия аз кишвар фирор карданд.
Аксарият ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва қисме ба Аврупову Амрико рафтанд.
Дар охири соли 2022 раиси Думаи давлатии Русия, Вячеслав Володин, пешниҳод кард, барои онҳое, ки тарки кишвар кардаанд, андоз боло бурда шавад.