Комисcари олии СММ ба Узбекистон меравад

Фолкер Тюрк, Комиссари олии СММ дар умури ҳуқуқи инсон.

Фолкер Тюрк, Комиссари олии СММ дар умури ҳуқуқи инсон рӯзҳои 13-15 март ба Узбекистон сафар мекунад.

Ба навиштаи расонаҳои маҳаллӣ, Фолкер Тюрк дар Узбекистон бо роҳбарияти маркази миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон, Додгоҳи олӣ, Додситонии кул, Вазорати корҳои дохилӣ ва намояндагони порлумон мулоқот мекунад.

Намояндаи СММ ҳамчунин ба Қарақалпоқистон хоҳад рафт.

Пештар аз ин котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен, ки рӯзи 28 феврали ба шаҳри Тошканди Узбекистон сафар карда буд, баъди мулоқот бо президенти он кишвар Шавкат Мирзиёев дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, таҳқиқоти ҳодисаҳои рӯзҳои 1-2 июли соли 2022 дар Қарақалпоқистон бояд боз ва шаффоф сурат гирад.

Ба иттилои расмӣ, дар ҳодисаҳои Қарақалпоқистон 21 кас кушта, 243 тани дигар захмӣ шудааст.