Боздошти мудири як шуъбаи маориф дар Тоҷикистон ба иттиҳоми ришвахорӣ баҳси таъини афроди номуносибро ба мансабҳои давлатӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ доғ кард.
Маъмурони амниятии Тоҷикистон хабар доданд, ки Иқболи Неъматулло, мудири маорифи ноҳияи Рӯдакӣ, дар чанд моҳи корӣ аз 36 мудири мактаб беш аз 65 ҳазор сомонӣ “пора” гирифтааст.
Ҷавони 32-сола то таъин шуданаш ба мақоми мудири маориф яке аз ронандагони ширкати “Фавз” будааст.
Ин нукта, ки чӣ гуна як ронанда, ки бо таҷрибаи андаки омӯзгорӣ, ки дар гузашта доштааст, ба мақоми мудири шуъбаи маорифи ноҳияи калонтарини Тоҷикистон расид, баҳсро дар шабакаҳои иҷтимоӣ доғ кард.
Умед, як корбар дар Фейсбук, дар вокуниш ба ин хабар навиштааст, “фасод дар соҳаи маориф гапи нав нест, вале таъини ронанда ба мақоми мудири маориф ҳодисаи нав аст ва умқи фоҷеаи “тағобозӣ”-ро нишон медиҳад”.
Иқболи Неъматулло дар моҳи октябри соли 2022 ба ин мақом таъин шудааст ва чор моҳ кор кардааст. Маълум нест, ки Вазорати маориф ба кадом далел ӯро ба ин мақом таъин карда. Нисбат ба ӯ ба иттиҳоми ришвахорӣ парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.
Огоҳӣ: Ба матн ислоҳ даровардем, чун иштибоҳӣ ба ҷойи "Фавз" номи ширкати "Фароз" навишта шуда буд. Як намояндаи ширкати "Фароз" рӯзи 8-уми март бо Радиои Озодӣ тамос гирифт ва эътироз кард. Ин дар ҳолест, ки ба иттилои мақомот ширкати вобаста ба Шамсулло Соҳибов, домоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ҳанӯз соли 2019 корашро бас кардааст. Як пажуҳиши Радиои Озодӣ дар моҳи декабри ҳамон сол маълум кард, ки ин барҳамхӯрӣ танҳо барои бартараф кардани калимаи "Фароз" буд ва аксар ширкатҳои он ба таври гуё мустақилона ё бо номи дигар кори худро давом дода, масири даромадашон тағйир накардааст.