Як сокини Хуросон барои мубодилаи асъор ҷарима шуд

Ноҳияи Хуросон.

Як сокини ноҳияи Хуросони вилояти Хатлонро ба иттиҳоми мубодилаи ғайриқонунии асъор ҷарима бастанд.

Додситони кулли Тоҷикистон хабар дод, ки Саидаҳмад Сайдуллоев дар бозори "Уялӣ”-и ноҳияи Хуросон нуқтаи саррофӣ таъсис дода, ба хариду фурӯши асъори миллию хориҷӣ машғул буд.

Ба иттилои манбаъ, Саъдуллоев ҳангоми иваз намудани доллари амрикоӣ бо асъори миллӣ-сомонӣ боздошт шудааст. Додгоҳ алайҳи Саъдуллоев бар асоси моддаи 286 парванда боз кардааст. Ҳамакнун ба гуфтаи додгоҳ, ӯ бояд 13600 сомонӣ ҷарима пардохт кунад.

Назари худи Саидаҳмад Саъдуллоев ва наздиконаш дар ин робита дастрас нест.

Бонки миллии Тоҷикистон соли 2015 дар пайи болоравии башиддати қурби доллар дар баробари сомонӣ, тамоми саррофиҳо ё нуқтаҳои мубодилаи асъорро баст.

Бино ба дастури Бонки миллӣ, танҳо дар ҳудуди бонкҳо, созмонҳои қарздиҳӣ ва нуқтаҳои интиқоли пул мубодилаи асъори хориҷӣ иҷоза аст.