Ҳукумати Тоҷикистон муҳлати сабтиноми симкортҳоро бо шиносномаи нав барои як соли дигар дароз кард, вале ширкатҳои мобилӣ аз ҳоло хидматрасониро ба баъзе аз муштариён бас кардаанд. Чаро?
Қатъи симкорт Ваҳҳобҷон Деҳқоновро аз ноҳияи Рӯдакӣ ба шаҳри Душанбе овард. Вай рӯзи 7-уми март гуфт, қаблан аз ширкати мобилӣ барояш огаҳӣ омада буд, аммо ҷиддӣ нагирифт. "Интизор надоштам, ки якбора аз ҳама чиз маҳрум мешавам. Ин ҷо барои сабтиноми симкорт омадем. Аз якуми март дастнорас шуд. Бовар кунед, бе телефон мушкил аст," – афзуд ӯ.
Корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ мепурсанд, ки чаро бо вуҷуди тамдиди муҳлат, ширкатҳои мобилӣ хидматрасониро бас кардаанд? Дар баъзе аз марказҳои хидматрасонии ширкатҳои мобилӣ қатъи симкорти муштариёнро тасдиқ карданд, вале шарҳ надоданд, ки чаро.
Азим Қудратов, корманди маркази хидматрасонии ширкати "Зет Мобайл", рӯзи 7-уми март гуфт, "симкорти муштариёне, ки шиносномаҳояшон куҳна аст, қатъ мешавад. Муштариён муҳлат доранд, ки дубора сабтином кунанд."
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Хомӯш шудани симкорти баъзе муштариён дар ҳолест, ки моҳи феврали имсол бо қарори ҳукумат муҳлати сабтином як соли дигар дароз шуд. Ба гуфтаи кормандони марказҳои хидматрасонӣ, то чанд ҳафта пеш аз нашр ва расонаӣ шудани ин қарор, муштариён барои сабтином зиёд меомаданд ва ҳоло шумораашон кам шудааст.
Ҳуқуқдонҳо бар ин назаранд, ки ширкатҳои мобилӣ бар асоси қонунгузории кишвар ҳақ надоранд, пеш аз анҷоми муҳлат хадамотро ба сокинон қатъ кунанд. Дилшод Ҷӯраев гуфт, сокинон ҳақ доранд, барои рӯёнидани зарар шикоят баранд.
"Дар ҳолати огаҳӣ додан ҳам, операторони мобилӣ ҳаққи қатъи алоқаро надоранд. Дар чунин ҳолат шаҳрвандон метавонанд, дар бораи рӯёндани зарари маънавӣ ба Суд муроҷиат кунанд," -- шарҳ дод Дилшод Ҷӯраев.
Дар Тоҷикистон соли 2014 шиносномаҳои куҳнаро ба шиносномаҳои пластикӣ иваз карданд. Аз он сол то кунун борҳо мақомот ба шаҳрвандон муҳлат доданд, то ба шиносномаҳои нав симкортҳояшонро сабт кунанд.
Масъулони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон моҳи январи имсол гуфта буданд, ки беш аз ду миллион симкорти ширкатҳои мобилиро соҳибонашон бо шиносномаи нав сабт накардаанд. Аз ин шумора 882 ҳазор симкорт фаъол будааст. Дар умум шумораи умумии муштариёни ширкатҳои мобилӣ ба 8,3 миллон нафар баробар аст.
Тасмими бо шиносномаи нав сабтином кардани симкортҳо чанд сол пеш бар асоси як қарори ҳукумат шуруъ шуд. Ин тасмим анбӯҳи зиёди одамонро дар назди идораҳои шиносномадиҳӣ ҷамъ овард ва танқидҳои зиёдеро дар пай дошт. Сокинон ва мунтақидон онро харҷи изофӣ ва саргардонӣ барои аҳолӣ номиданд, вале мақомот онро барои тақвияти чораҳои амниятӣ муҳим шумурданд.