Сарбози асируфтодаи украиниро, ки навори кушта шуданаш аз тарафи нерӯҳои Русия дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад, дар Украина шинохтанд.
Артиши Украина рӯзи 7-уми март дар баёнияе дар Телеграм гуфт, бар асоси маълумоти ибтидоӣ, “ӯ Тимофий Миколайович Шадура аст”. Ба иттилои расмӣ, вай аз рӯзи 3-юми феврали имсол дар рӯйхати бедаракшудаҳо буд.
“Дар ҳоли ҳозир ҷасади сарбози мо дар қаламрави муваққатан ишғолшуда аст. Тасдиқи ниҳоии шахсияти ӯ пас аз гирифтани ҷасад ва санҷиш эълон хоҳад шуд,” -- омадааст дар баёния.
Рӯзи душанбе, 6-уми март, дар Телеграм наворе паҳн шуд, ки дар он марди бесилоҳ бо либоси монанд ба сарбозони артиши Украина пас аз гуфтани "Шараф ба Украина" паронда мешавад.
Дар куҷо ва кай сабт шудани навор маълум нест. Шахсоне, ки ба сӯи низомӣ тир мекушоянд, дар навор дида намешаванд.
Украина аз Додгоҳи байнулмилалии ҷурму ҷиноят хост, ҳодисаро таҳқиқ кунад. Дмитрий Кулеба, вазири корҳои хориҷии Украина, гуфт, бояд додситони Додгоҳи байнулмилалӣ нафареро, ки дар ҷинояти ҷангӣ даст дорад, ба ҷавобгарӣ кашад. Ӯ гуфт, ҳодиса бори дигар нишон дод, ки ҷанги Русия дар Украина наслкушист.
Дмитрий Лубинетс, ваколатдори ҳуқуқи инсони Украина, гуфт, наворро ба ҳамкоронаш аз кишварҳои гуногуни олам чун як намунаи дигари ҷинояти ҷангӣ фиристод.
Ба ин навори нашршуда Владимир Зеленский, президенти Украина, низ вокуниш кард ва ваъда дод, ки қотилро меёбанд. Нисбат ба ин ҳодиса Хадамоти амнияти Украина низ парвандаи ҷиноӣ боз кард.
Давоми беш аз як соли ҷанги Русия дар Украина даҳҳо навори кушта шудани низомиёни асири украинӣ ва рус паҳн шудааст. Дар ҳар маврид ҷонибҳо ҳамдигарро гунаҳкор мекунанд.
Ҳукумати Украина расман хабар дода буд, ки даст доштани сарбозонаш дар қатли асиронро месанҷад, вале аз натиҷаи ин таҳқиқ дигар хабаре нашр нашуд. Мақомоти Русия дар бораи кушта шудани низомии асири украинӣ шарҳе надодаанд.