Русия муҳлати қарорашро дар бораи доллар дароз кард

Бонки миллии Русия маҳдудияти гирифтани доллару евро ва асъори дигари хориҷии нақдро то шаш моҳи дигар дароз кардааст.

Дар Русия садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик кору тиҷорат мекунанд.

Бар асоси қарори бонк аз 5-уми март, ҳеч кас наметавонад, аз бонк бештар аз 10 ҳазор доллар ва муодили он еврои нақд бигирад. Агар аз ин миқдор бештар мехоҳанд, пас, онро бо рубли русӣ ва бо қурби таъйинкардаи Бонки миллии Русия медиҳанд.

Русия рӯзи 9-уми марти соли 2022 ва баъд аз муддати кӯтоҳи оғози ҷанг ба зидди Украина ва таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ гирифтани асъори хориҷии нақдро маҳдуд кард.

Бар асоси қарори нави бонк маҳдудияти додани асъори нақд то рӯзи 9-уми сентябри имсол давом мекунад.