Шаш мардро дар Эрон ба гуноҳи куштани чаҳор нафар, аз ҷумла як сарбоз ва ду узви гуруҳи ниманизомии Басиҷ, ба қатл маҳкум кардаанд.
Онҳоро узви як гуруҳи террористии арабтабор дар вилояти Хузистон, ҳаммарз бо Ироқ медонанд.
Вебсайти “Мизон Онлайн”, минбари Вазорати адлияи Эрон, рӯзи 6-уми март хабар дод, ки шаш узви созмони “Ҳаракат-ал-Нидол” барои қатли 4 нафар дар миёни солҳои 2017-2019 ба қатл маҳкум шуданд.
Мақомоти Эрон созмони мазкурро ба “ҳамкорӣ бо гуруҳҳои террористии дигар” муттаҳам мекунанд, ки соли 2018 бо ҳамла ба раҳпаймоии низомӣ ба шаҳри Аҳвоз дар соли 2018 25 нафарро куштанд ва 250 каси дигарро захмӣ карданд.