Тошиев гуфт, барои тақвияти артиши Қирғизистон $1 млрд ҷудо шуд

Қамчибек Тошиев

Раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев дар ҷараёни боздидаш аз вилояти Ӯш гуфт, артиши ин кишвар тақвият ёфтааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар давоми ду соли охир барои тақвияти артиши Қирғизистон 1 миллиард доллар ҷудо карданд.

"Бо ин пул барои қувваҳои мусаллаҳи кишвар техникаи ҳарбӣ, лавозимоти ҷангӣ, аслиҳа ва чизҳои дигар мехаранд. Мо монанди пештара нестем. Аслиҳаи мо аз аслиҳаи кишварҳои дигар бадтар ҳам нест. Мо силоҳеро дорем, ки баъзе аз кишварҳо надоранд. Мо барои ҷанг омодагӣ намебинем, барои дифоъ аз худ омодагӣ мегирем", - изҳор доштааст Тошиев.

Мақомоти Қирғизистон соли гузашта гуфтанд, ки барои харидани техникаҳои ҳарбӣ, аз ҷумла бесарнишинҳо аз Русия ва Туркия аз буҷет пул ҷудо карда шудааст.