Рақиби пешини Лукашенкоро ғоибона 15 сол зиндонӣ карданд

Светлана Тихановская

Додгоҳе дар шаҳри Мински Беларус Светлана Тихановская, яке аз роҳбарони мухолифини он кишвар ва рақиби пешини президент Александр Лукашенкоро ғоибона 15 сол зиндонӣ кард. Додгоҳ ҳамчунин ӯро 11,7 ҳазор доллар ҷарима баст.

Дар доираи парвандаи Тихановская вазири пешини Беларус Павел Латушко 18 сол ва се гумонзади дигар - Мария Мороз, Олга Ковалкова ва Сергей Дилевский 12-солӣ зиндонӣ шуданд. Ҳамаи онҳо низ ба мисли Тихановская дар хориҷ аз Беларус ҳастанд.

Додгоҳ онҳоро ба тавтеа бо ҳадафи ғасби қудрат, ташкили созмони тундгароёна, даъват ба ғасби ҳокимият ва ангехтани бадбинии иҷтимоӣ гунаҳкор кард.

Шӯрои ҳамоҳангсоз, ки Тихановская ва шахсони дигари зикршуда узви он буданд, дар моҳи августи соли 2020 ташкил шуд. Ин шӯроро баъд аз интихоботи президентии он сол ба зидди режими Александр Лукашенко таъсис доданд.

Кумисюни марказии интихоботии Беларус дар интихоботи моҳи августи соли 2020 Лукашенкоро пирӯз эълон кард. Нозирони мустақил аз қонуншиканиҳои зиёд хабар доданд. Бисёре аз рақибони Лукашенко бовар доранд, ки дар он интихобот Светлана Тихановская пирӯз шуд, аммо режими Лукашенко тақаллуб кард.

Пас аз интихобот дар Беларус эътирозҳои мардумӣ ташкил шуд. Режими Лукашенко он эътирозҳоро саркӯб кард. Ба иттилои мақомоти Беларус, аз моҳи август то октябри соли 2020 бештар аз 13 ҳазор кас боздошт шуд. Созмони Милал гуфт, мақомоти Беларус боздоштшудаҳоро шиканҷа кардаанд.

Таҳти фишори мақомоти қудратии Беларус бисёре аз мухолифон маҷбур шуданд, кишварро тарк кунанд.