Гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон дар Душанбе вомехӯранд

Парчамҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон

Ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар масоили марзӣ рӯзҳои 10-16-уми марти имсол дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Раиси Девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Жапаров ҳайати гурӯҳи кориеро, ки дар ин нишаст Бишкекро намояндагӣ мекунад, тасдиқ кард. Онро намояндаи ҳукумати Қирғизистон дар сарҳад Назирбек Борубоев раҳбарӣ мекунад.

Нишасти қаблии гуруҳҳо аз 3 то 9-уми феврали имсол дар шаҳри Бишкек баргузор шуда буд.

Нишонагузории марз ҳоло яке аз масъалаҳои асосӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон аст.

Тоҷикистону Қирғизистон зиёда аз 900 километр сарҳад доранд, аммо нишонагузорӣ нашудани бахше аз он ҳар чанд вақт сабаби занозании мардум ва муноқишаи мусаллаҳонаи низомиёни ду кишвар мегардад.