Рӯзноманигор Хуршед Фозиловро дар шаҳри Панҷакент шахсони номаълум бо худ бурдаанд. Хабаргузории "Азия-Плюс" навишт, ӯ рӯзи 6-уми март аз дохили Идораи кор ва муҳоҷирати шаҳр ба тарафи номаълум бурда шуд.
Як манбаи Радиои Озодӣ рӯзи 7-уми март хабари як рӯз боз бедарак будани Хуршед Фозиловро тасдиқ кард, аммо гуфт, дар куҷо буданашро намедонанд.
Чанд манбаъ, аз ҷумла кормандони Идораи кор ва муҳоҷирати Панҷакент ба "Азия-Плюс" гуфтаанд, Хуршед Фозилов то моҳи январ бар асоси қарордод дар доираи як тарҳ бо онҳо ҳамкорӣ дошт ва 6-уми март ба дидани ҳамкорони пешинаш рафта буд.
"Чаҳор нафар бо либоси мулкӣ субҳи 7-уми март омада, компютереро, ки ӯ кор мекард, гирифта бурданд. Сабаб ва макони боздошти Хуршедро пурсидем, чизе нагуфтанд," -- гуфтааст як манбаи "Азия Плюс".
Мақомот чизе нагуфтаанд. Наздиконаш мегӯянд, то ҳол маълум нест, ки ӯ дар куҷост.
Хуршед Фозилов бештар бо расонаҳои маҳаллӣ ҳамкорӣ дошт. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ фаъол буд. Чанд сол пеш дар як барномаи телевизиони давлатии Тоҷикистон ӯро аз ҳамкорони сомонаи мустақили "Ахбор" номбар карда буданд.
Дар як соли охир дар Тоҷикистон ҳафт хабарнигору блогер дастгир ва аз 7 то 20 сол зиндонӣ шуданд. Созмонҳои байнулмилалӣ ҳукуматро ба фишори афзоянда ба хабарнигорон танқид карданд. Мақомот мегӯянд, хабарнигорон ба ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ айбдор шуданд.