Дар як соли ҷанг дар Украина ва таҳримҳои сахти Ғарб ба зидди Маскав, Русия бо Тоҷикистон ба зиёда аз 1 миллиарду 673 миллион доллар додугирифт кардааст. Тақрибан 24 дарсад бештар аз соли 2021.
Дар ин сол яккатозии Русия дар бозори баъзе аз маҳсулоти муҳим дар Тоҷикистон, аз ҷумла сӯзишворӣ, ҳифз шуда. Масолеҳи дигари металлургӣ, кимиёӣ ва маводи ғизоӣ аз маҳсулоти дигари содиротии Русия ба Тоҷикистон будааст.
Содироти мол аз Тоҷикистон ба Русия низ афзоиш ёфта, муодили тақрибан 90 миллион доллар шуд. Дар соли 2021 ин нишондод 72 миллион доллар буд.
Бахши асосии содироти Тоҷикистонро ба Русия дар соли гузашта меваю сабзавот ва нахи пахта ташкил дод.
Пештар баъзе аз нигарониҳо вуҷуд дошт, ки Русия метавонад, аз кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, барои давр задани таҳримҳо истифода кунад.