Гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" ё ДОИШ масъулияти бомбгузории интиҳориро дар ҷанубу ғарби Покистон ба уҳда гирифт. Рӯзи 6-уми март бар асари ҳамла кормандони пулис кушта ва захмӣ шуданд.
Ба иттилои расонаҳои покистонӣ ва ҷаҳонӣ, як бомбгузори интиҳорӣ савори дучарха мошини кормандони пулисро дар минтақаи Зиби, воқеъ дар 160-километрии шарқи Кветта, маркази вилояти Балуҷистон, ҳадафи ҳамла қарор дод.
Як гурӯҳи истихборотӣ, ки фаъолиятҳои онлайнии гурӯҳҳои тундравро пайгирӣ мекунад, дар "Твиттер" навиштааст, ДОИШ масъулияти ин ҳамларо пазируфт.
Хабаргузории "Рейтерз" ба нақл аз мақомоти бемористон навиштааст, ки камаш 7 корманди пулис дар ин ҳодиса захмӣ шуданд.
Ин мавриди тозатарини ҳамла ба пулис дар Покистон аст.
Рӯзи 30-юми январи имсол бар асари як ҳамлаи интиҳорӣ дар дохили як масҷид дар шаҳри Пешовари Покистон беш аз 100 нафар ҷон бохта, ҳудуди 160 кас захмӣ шуданд. Аксар қурбониёни ин ҳамла кормандони пулис буданд.