Таваралӣ Зиёзода, доктори илми таърих ва узви Шӯрои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон, рӯзи 6-уми март дар 81-солагӣ даргузашт. Ӯро дар оромгоҳе дар Душанбе дафн карданд. Пайвандон сабаби маргашро сактаи мағзӣ гуфтанд.
Мӯҳсин Шарифов, шогирди Таваралӣ Зиёзода, гуфт, "бо ҳамин син дар Донишгоҳи миллӣ, дар факултаи таърих, дарс медод. Дар Пажӯҳишгоҳи рушди маориф пайи масъалаҳои илмӣ ва омода кардани кадрҳои илмӣ буд."
Ӯ дар баробари кори омӯзгорӣ аз фаъолони сиёсӣ дар кишвар дониста мешуд. Дар соли 2006 талош кард, номзадии худро ба мақоми раиси ҷумҳур пешниҳод кунад, вале шумораи зарурии имзоҳоро ҷамъ оварда натавонист.
Чанд муддат муовини раиси Ҳизби демократ буд ва бо роҳбарияти ҳизб ихтилоф низ дошт.
Ҳикматулло Саидиён, муовини пешини раиси Ҳизби демократ, рӯзи 6-уми март дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ аз Таваралӣ Зиёзода шахсе ном бурд, ки барои "расидан ба ормонҳои демократия" мубориза мебурд.
"Талош кард, ҳизбро ба мисли солҳои 90-ум нерӯманд кунад, вале шахсоне пайдо шуданд, ки ӯро ба қафо кашанд. Фикр кард, як қадам ба қафо ва ду қадам ба пеш меравад, ба мақсадаш нарасид. Ӯро оромонҳое куштанд, ки мехост амалӣ шаванд, аммо нашуданд," – афзуд ӯ.
Таваралӣ Зиёзода муаллифи чандин рисолаи илмӣ, барномаи таълимӣ ва асарҳои гуногун аст.