Зеленский ҷангро дар Донбасс "дарднок ва мушкил" номид

Бахмут, Украина

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, эътироф кард, ки ҷанг дар вилояти Донбасс “дарднок ва мушкил” аст.

Дар айни замон нерӯҳои Русия саъй доранд, шаҳри шарқии Бахмутро дар ин вилоят дар муҳосира бигиранд, ки дар натиҷаи ҷангҳои чандмоҳа вайрону валангор шудааст.

Владимир Зеленский дар муроҷиати видеоӣ дар шоми 5-уми март гуфт, “аз ҷасорату тавоноӣ ва истодагарии сарбозоне, ки дар Донбасс меҷанганд, изҳори сипос мекунам. Ин яке аз сахттарин набардҳост. Дарднок ва душвор”.

Ӯ афзуд, Украина ин сахтиҳоро паси сар мекунад ва таҷовузгаронро аз кишвар меронад.

Ҷангҳои сахт дар дохилу атрофи Бахмут идома дорад, ки пеш аз ҷанг 70 ҳазор аҳолӣ дошт.

Бино ба гузоришҳои пештара, аҳолии боқимонда ва баъзе аз воҳидҳои низомии Украина аз як роҳи боқимондаи шаҳр ба дигар ҷой мегурезанд.

Ҷанг дар Бахмутро гуруҳи низомии русии «Вагнер» раҳбарӣ мекунад ва гуфта мешавад, дар набардҳо талафоти зиёде додааст.