Пирмуҳаммадзодаро аз Душанбе ба Хуҷанд бурдаанд

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигори маҳкумшудаи тоҷикро аз боздоштгоҳе дар Душанбе ба зиндони шаҳри Хуҷанд бурдаанд.

Бародараш Абдукарим Пирмуҳаммадзода рӯзи 6-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, интиқоли хабарнигор рӯзи шанбе, 4-уми март, сурат гирифт. “Ба пайвандон хабар доданд, ки ӯ бояд дувоздаҳ рӯз дар карантин истад,” -- афзуд ӯ.

Абдукарим Пирмуҳаммадзода мегӯяд, “дар зиндони Хуҷанд будани Абдусаттор барои пайвандон, бахусус ҳамсару фарзандонаш сахт аст, зеро роҳ дур асту зуд-зуд хабар гирифта намешавад.”

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рӯзи 26-уми декабри соли гузашта Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро ҳафт сол аз озодӣ маҳрум кард.

Наздикони Абдусаттор Пирмуҳаммадзода мегӯянд, то ҳанӯз нусхаи ҳукмро нагирифтанд, вале ба қавли додрас ӯ ба ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ (моддаи 307, замимаи 3, қисми 2) гунаҳкор шудааст.

Худаш моҳи октябри соли 2022 дар номае аз боздоштгоҳ навишт, ки аз рӯзи аввал зери фишори равонӣ ва шиканҷа буд, то иттиҳоми ба қавлаш “бофтаву сохтаи” мақомоти милисаро ба дӯш бигирад. Чизе, ки додрас таҳқиқи дурустияшро хост, вале муфаттишони Додситонӣ тасдиқ накарданд.

Ин хабарнигори 45-сола бахши асосии давраи корашро дар расонаҳои давлатӣ, аз ҷумла "Садои Душанбе", гузарондааст. Номаш моҳи ноябри соли 2020, пас аз як муроҷиати видеоӣ ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон вирди забон шуд. Пирмуҳаммадзода аз ҷаримаҳои ҳангуфт ва бекории саросарӣ дар Тоҷикистон шикоят кард.