Теъдоди қурбониёни зарба ба Запорожйе ба 11 нафар расид

Аз зери вайронаҳо 11 нафарро наҷот додаанд.

Теъдоди қурбониёни ҳамлаи мушакии Русия ба як бинои панҷтабақаи истиқоматӣ дар шаҳри Запорожйеи Украина ба 11 нафар расидааст.

Хадамоти ҳолатҳои фавқуллодаи Украина гуфт, дар байни онҳо як нафар кӯдак аст.

Баъди зарбаи мушакӣ дар рӯзи 2-уми март чанде аз табақаҳои ин бино фӯру рафт ва 11 нафарро аз зери вайронаҳо зинда берун оварданд.