Артиши Украина рӯзи 5-уми март гуфт, дар 24 соати гузашта 130 ҳамлаи душманро пас гардонда ва иддао кард, ки талафоти азиме ба неруҳои Русия ворид кардааст.
Айни замон дар бораи сарнавишти шаҳри вайроншудаи Бахмут чизе нагуфт, ки тақрибан дар муҳосираи комили неруҳои Русия мондааст. Киев бештар сари талафоти неруҳои Русия дар Бахмут дар вилояти Донетск таъкид кардаааст, ки сарбозони Русия саъй доранд, онро дар муҳосира бигиранд.
Ситоди марказии неруҳои мусаллаҳи Украина дар гузориши рӯзонаи хеш гуфтааст, ки дар 24 соати гузашта 930 сарбози русро куштанд, вале аз ҳарду тараф ҳамеша омори мухталиф нашр мешавад ва тасдиқии дурустии онҳо имконнопазир аст.
Ҳукумати Украина айни замон эътироф кардааст, ки вазъ дар шаҳри Бахмут бисёр мушкил аст, вале неруҳои кишвар ҳануз ҳам онро дар даст доранд. Дар ин шаҳри 170 ҳазор нафарӣ ба гуфтаи неруҳои Украина фақат чанд ҳазор нафар мондааст, ки пойи пиёда аз онҷо мегурезанд.
Ба қавли мақомоти Украина, аз замони оғози ҷанг ба зидди Украина дар моҳи феврали соли гузашта Русия то кунун 150 ҳазор сарбозашро талаф додааст. Русия моҳи сентябр аз ҳалокати фақат 6 ҳазор нафар хабар дода буд.