Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина гуфт, бо вуҷуди иддаои Русия аз тақрибан ишғол шудани Бахмут, ҳимояти шаҳрро идома медиҳад


3 март, як сарбози украинӣ бо мушакандозе дар хати ҷабҳаи шаҳри Бахмут
3 март, як сарбози украинӣ бо мушакандозе дар хати ҷабҳаи шаҳри Бахмут

Мақомот дар Киев рӯзи 4-уми март хабар доданд, ки дар давоми 24 соати гузашта нирӯҳои украинӣ аз чандин ҳамлаи русҳо ба шаҳри Бахмут пешгирӣ карданд.

Ин изҳорот дар ҳолест, ки гурӯҳи Вагнер иддао намуд, ки шаҳри воқеъ дар шарқи Украинаро тахминан пурра таслим кардааст. Мутахассисони ғарбӣ мегӯянд, ки вазъ дар Бахмут мураккаб боқӣ мемонад ва мудофеони украинӣ таҳти фишори бештар қарор мегиранд. Дар гузориши Ситоди кулли нирӯҳои муштараки Украина дар бораи гардонда шудани 150 ҳамла дар як рӯзи гузашта дар шаҳру минтақаҳои Бахмут, Лиман, Авдиивка ва Шахтарск хабар дода шуд. Ситоди кулл гуфт, “душман пайваста талош дорад Бахмутро ба иҳота бигирад” ва афзуд, ки нирӯҳои украинӣ чандин ҳамлаи атрофи Бахмутро дар ноҳияҳои Васюкивка, Дубово-Василевка ва Иванивске бозпас гардониданд. Мақомоти украинӣ ишора карданд, ки эҳтимол дорад, агар қимати дифои ин шаҳр бисёр гарон бошад, нирӯҳояшон метавонанд аз Бахмут пурра берун шуда дар ғарбу шимолуғарб, ки мавқеъҳои дифоии украиниҳо қавитар гуфта мешаванд, маскан бигиранд.

Вале бо вуҷуди ин ки фармондеҳон дар Киев вазъ дар Бахмутро “мураккаб” меноманд, худи нирӯҳои украинӣ мегӯянд, аз идомаи дифои шаҳр даст кашиданӣ нестанд. Генерал Виктор Хоренко дар як изҳороташ тавассути Фейсбук навишт: “Ҳамаи воҳидҳои дар дифои Бахмут ҷалбшуда вазифаҳои худро дуруст иҷро мекунанд. Сарбозони мо дар шароити бисёр сангин кор мекунанд ва тамоми талошашонро ба харҷ медиҳанд, то ки шумори душман ҳамарӯза камтар шавад”.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 3-юми март Евгений Пригожин, соҳибкори вобаста ба Кремлин ва муассиси гурӯҳи зархаридони Вагнер дар як наворе иддао кард, ки шаҳри Бахмут, ки давоми ҳафт моҳи охир Маскав талош дорад онро ишғол кунад, тақрибан пурра муҳосира шуд ва танҳо як роҳи бурунрафт боз мемонад.

Дар гузориши вазорати дифои Бритониё гуфта шудааст, ки шаҳри Бахмут таҳти фишори сангину афзоянда қарор дорад ва дар дохилу атрофи он оташи ҷанги мутассил мушоҳида мешавад.

Дар гузориши бритониёиҳо инчунин гуфта мешавад, ки нирӯҳои Русия ва ҳам зархаридони Вагнер ба дарунтари самти канораҳои шимолии шаҳри Бахмут ворид шуданд ва ҳоло се минтақаи шаҳр мавриди таҳдиди русҳо мебошад. Дар ҳамин гузориш омадааст, ки “Украина ин минтақаро бо воҳидҳои элитааш тақвият медиҳад, дар 36 соати гузашта дар Бахмут ду пули муҳим хароб, аз ҷумла оне, ки чун роҳи таъминоти асосии Бахмут бо шаҳри Часив Яр хидмат мекунад, хароб карда шуд”.

Коршиносони ғарбӣ талошҳои сарсахти русҳо барои ишғоли шаҳри Бахмутро зери суол бурда мегӯянд, ки ишғоли он танҳо аҳамияти рамзӣ, на стратегӣ хоҳад дошт.

Дар ҳамин ҳол, мақомот дар минтақаи дигари шарқии Харкив ба сокинони шаҳри Купянск амр доданд, ки ба ҷойҳои амн бикӯчанд, чун ин шаҳр мавриди ҳамлаҳои доимиву пуршиддат қарор дорад.

Рӯзи 3-юми март ИМА эълон кард, ки ба Украина бастаи нави кӯмакҳои низомӣ дар ҳаҷми 400 миллион доллар тақдим хоҳад кард. Дар ин бора дар ҷараёни сафари садри аъзами Олмон Олаф Шолтс ба Вашингтон хабар дода шуд.

Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен гуфт, ки бастаи ёриҳо аз “муҳимоти зарур барои HIMARS ва гаубитса иборат аст, ки украиниҳо онҳоро барои дифоъ аз худ бисёр моҳирона истифода мекунанд”. Инчунин Амрико бо лавозимоти дигари ҷангиву таҷҳизоти низомӣ ёрӣ мекунад. Баргузории тамринҳо ҳам бахши дигари ин ёриҳо мебошад.

Аз замони ҷанги бедалели Русия алайҳи Украина, ки як сол пеш шурӯъ шуд, Вашингтон ба Украина дар ҳаҷми тахминан 32 миллиард доллар ёрии низомӣ фароҳам кардааст. Кохи Сафед дар як изҳороти дери шаби 3-юми марташ гуфт, ки дар ҷараёни мулоқоти президенти ИМА Ҷо Байден ва садри аъзами Олмон Олаф Шолтс ду раҳбар батакрор ӯҳдадор шуданд, ки Маскавро барои пардохти баҳои гарони ҷанг водор хоҳанд кард.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG