Миллиардер Дерипаска: "Cоли оянда дар Русия пул намемонад"

Олег Дерипаска дар як форуми иқтисодии Русия. Владивосток, соли 2019

Миллиардери рус Олег Дерипаска ҳафтаи ҷорӣ, зимни суханронӣ дар форуми иқтисодии Красноярск гуфтааст, агар ба кишвар сармоягузорони хориҷӣ наоянд, “аллакай соли оянда дар Русия пул намемонад”. Дерипаска гуфт, ки “мушкили камбуди пул аз ҳоло хеле ҷиддӣ эҳсос мешавад ва ба ҳамин сабаб ҳам бизнесро метаканд”. Ӯ афзуд, ки барои ҷалби сармояҳо аз “кишварҳои дӯст” ва ҳам тағйири таваҷҷӯҳ ба самти Осиё “бояд қонуну қоида риоя шавад ва вазъият пешгӯишаванда бошад”. Миллиардер гуфтааст, “агар мо ҳар семоҳа бо сабаби кадом мушкиле қоидаи бозиро иваз кунем, ба мо касе дигар бовар намекунад: на соҳибкорони рус ва на хориҷӣ”. Ӯ гуфт, ки вазъи иқтисодии кишвар “бисёр мушкил ва пешгӯинашаванда” аст ва ҳадди аққал то миёнаҳои соли 2025 чунин боқӣ мемонад.

Инчунин Дерипаска пешниҳод кард, ки шумори мақомдорони ҳукумативу кормандони сохторҳои ҳифзи қонун “ду-се баробар” назар ба имрӯза кам карда шаванд, чунки, ба гуфтааш, шумори имрӯзаи онҳо “як сарбории ҷиддӣ ба иқтисод аст, ки бо сабаби таҳримҳо вазъаш бе ин ҳам сангин мебошад”. Ин соҳибкор гуфтааст, “капитализми давлатӣ роҳ ба нокуҷо аст”.

Телеграм-канали Baza хабар дод, ки вақти суханронии Дерипаска дар наздаш раиси вилояти Красноярск Александр Усс нишаста буд ва ӯ гуфт, ки «барои ихтисор шудан омода аст». Айни замон, ӯ ба соҳибкор машварат додааст, ки чунин масоили ҳассосро дар «чунин маҳфилҳои боз» баррасӣ накунад.

Олег Дерипаска раҳбари собиқи ширкати "Русский алюминий" ва ҳоло раиси шӯрои нозирони ширкати "Базовый элемент" аст, ки муассисаш ҳам худи ӯ мебошад. Ӯ аз соли 2018 ба ин сӯ ба ҳайси шахси наздики президенти Русия Владимир Путин ва сармоягузори тарҳҳои ӯ мавриди таҳрими ИМА мебошад. Баъди шурӯи ҷанги беасоси Русия дар хоки Украина, Иттиҳоди Аврупо, Бритониё ва дигар кишварҳо ҳам Дерипаскаро таҳрим карданд. Шаҳрвандии Қибрисе, ки соли 2017 ба даст оварда буд, бо ҳамин далел ҳам бекор карда шуд.

Сентябри соли 2021 тими Алексей Навалний як таҳқиқеро нашр намуд, ки дар он гуфта мешавад, наздикони вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров аз ҳавопаймоҳои хусусӣ ва хонаву меҳмонсароҳои Дерипаска истифода мекунанд ва худи вазир Лавров манфиатҳои ӯро пеш мебарад. Се сол пеш аз ин дар як таҳқиқоти дигари сиёсатмадори оппозитсионӣ гуфта шуд, ки Дерипаска бо муовини нахуствазир Сергей Приходко дар як киштие истироҳат кардаанд ва ин ҳолат ихтилофи манфиатҳо аст. Вале нашри ин мавод бештар ба он хотир мавриди таваҷҷӯҳ шуд, ки ҳамроҳ бо онҳо дар ин киштӣ Настя Рибка, як хонуме аз ширкати хадамоти маҳрамона ҳам истироҳат мекард.

Олег Дерипаска дар аҳди раҳбарии ширкати "Русский алюминий" бо Тоҷикистон ҳам ҳамкориҳо дошт. Аз ҷумла, соли 2004 бо дастури Путин ба сохтмони НОБ "Роғун" вазифадор шуда буд. Вале Ҳукумати Тоҷикистон соли 2005 созишномашро бо ин ширкат бекор кард. Ҷониби Тоҷикистонро пойфишории ширкати Дерипаска бар сари пасттар кардани садди обанбори Роғун писанд наомад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Кипр шаҳрвандии чанд миллиардери рус ва наздиконашонро бекор кардДерипаска хост, Русия ҷангро дар Украина бас кунадВазорати молияи ИМА таҳрими Дерипаскаро бекор накард"Hyatt Regency"-и Душанберо ба фурӯш гузоштандВакил: боздошти Настя Рибка ҷанҷоли байналмилалӣ астМнучин тасдиқ кард, ки таҳрими ширкатҳои Дерипаска лағв мешаванд