Як мардро дар вилояти Суғд барои куштан ва сӯзондани зану писараш 23 сол аз озодӣ маҳрум карданд, вале наздикони зан розӣ нестанд. Онҳо барои Зокир Аъзамови 37-сола ҳабси якумрӣ мехоҳанд. Додситон ба ӯ 25 сол ҳабс хоста буд. Хешовандони мард мегӯянд, ҳукм сангин аст.
Фирӯза Аъзамоваи 36-сола ва писараш Сайёдҷон Аъзамови 9-сола дар моҳи ноябри соли гузашта аз тарафи саробони оила, Зокир Аъзамов, кушта шудаанд. Ҳодиса дар ноҳияи Зафаробод рӯй дод.
Идораи корҳои дохилии вилояти Суғд сабаби кушторро рашк номид. Пайвандон ҷангу ҷанҷолро дар ин хонавода тасдиқ мекунанд, вале мегӯянд, набояд кор ба ин тарз ба поён мерасид.
Олимҷон Абдуллоев, яке аз хешовандони Фирӯза Аъзамова, рӯзи 2-юми феврал гуфт, “мо шикоят мекунем. Бояд адолату ҳақиқат бошад. Ин хел одам бояд як умр зиндонӣ шавад. Наход кӯдаки нӯҳсолаашро кушад? Мо бо ҳукми Додгоҳ розӣ нестем.”
Ин хонавода бозбинии ҳукмро мехоҳанд, вале пайвандони Зокир Аъзамови 37-сола мегӯянд, бе ин ҳам ҳукм сангин аст.
Ба қавли Иброҳимхӯҷа Аъзамов, яке аз пайвандони Зокир Аъзамов, “хиёнати давлатӣ накардааст, ки умрбод маҳкум шавад. Онҳо бояд инро фаҳманд. Бо ҳамин ҳукмаш ҳам агар барояд, шастсола мешавад. Он ҳам агар давлат тарбия кунад, мебарояд.”
Азҳампошии оилаҳо ва хушунати хонаводагӣ дар Тоҷикистон як мавзӯи доғ гардидааст, вале куштану сӯзондани зану фарзанд сокинони минтақаро ҳайратзада карда.
Коршиносон мегӯянд, мақомот ва равоншиносон бояд бо чунин оилаҳо кор карда, аз чунин даҳшатҳо пешгирӣ намоянд.