Дар соҳили баҳр дар шаҳри Истанбули Туркия як ҷасад пайдо шудааст. Эҳтимол ин ҷасади шаҳрванди Узбекистон бошад. Дар ин бора консулгарии Узбекистон дар шаҳри Истанбул хабар дод.
Бино ба иттилои расмӣ, аз ҷайби ҷасад ҳуҷҷатҳое бо номи Раҳматилло ёфт шудааст. Дар айни замон шиносоии ҷасад идома дорад.
"Агар касе дар ин бора хабаре дорад, хоҳиш мекунем, ба консулгарӣ иттилоъ диҳад", - гуфтаанд дар консулгарии Узбекистон.
Соли 2019 дар шаҳри Истанбул ҷасади зане аз Узбекистон пайдо шуда буд, ки онро дар қолин печонида буданд.