Ҷанги сахт дар шаҳри Бахмут идома дорад. Артиши Украина рӯзи 3-юми март эълон кард, ки нерӯҳояш ҳамлаҳои сахти Русияро дар ин шаҳри мавриди муноқиша бартараф карданд.
Ба иловаи Бахмут, ки маркази ҷангҳо дар шарқи Украина дар чанд моҳи охир мебошад, нерӯҳои украинӣ камаш 85 ҳамлаи нерӯҳои Русияро дар қисматҳои шаҳри Лиман, Авдиевка ва Шахтёрск дар Донетск ва Купянск дар шимоли Харков дафъ карданд. Дар ин бора Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар гузориши рӯзонаи худ иттилоъ дод.
Володимир Назаренко, яке аз фармондеҳони Горди миллии Украина, гуфт, вазъ дар Бахмут "бӯҳронӣ" аст.
Вай афзуд, нерӯҳои кишвараш дар пайи он ҳастанд, ки пеш аз ақибнишинӣ, то ҳадди имкон, талафоти сангине ба неруҳои русӣ ворид кунанд.
Низомиёни Украина мегӯянд, нерӯҳои Русия ҳамоно ба ҳамлаҳои худ ба зербиноҳои ғайринизомӣ идома медиҳанд. Ин ҳамлаҳо боис ба захмӣ шудани ғайринизомиён ва вайрон шудани биноҳо шудааст.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти Иёлоти Муттаҳида ба хабаргузории "Рейтерз" гуфтаанд, Амрико барои эълони бастаи нави кумакҳои низомӣ ба Украина ба маблағи 400 миллион доллар омода мешавад.