Дар бештар аз як соли гузашта бори аввал дипломатҳои баландпояи Русия ва Амрико дидору гуфтугӯи кӯтоҳ карданд.
Мулоқот дар ҳошияи нишасти вазирони корҳои хориҷии бист кишвари саноатии олам, маъруф ба G-20 дар шаҳри Деҳлии Нав баргузор шуд. Ҷое, ки таҷовузи Русия ба хоки Украина дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт.
Ба гуфти мансабдорони амрикоӣ, мулоқот дар роҳравҳои нишаст тахминан даҳ дақиқа тӯл кашид.
Дар ин суҳбат котиби давлатии Амрико Энтони Блинкен аз вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров хостааст, Маскав ба музокироти силоҳҳои стратегии “New START” баргардад.
Ҳамчунон Блинкен ба Лавров таъкид кардааст, ки Вашингтон омодааст, то чанде зарур бошад, аз Украина дастгирӣ хоҳад кард.
То ҳол Русия дар бораи мулоқот чизе нагуфтааст.