Ҷасади як донишҷӯи мактаби низомиро дар Алмато ёфтанд

Ҷасади як донишҷӯи соли аввали Донишкадаи низомии неруҳои хушкигарди Қазоқистонро рӯзи 3-юми март пайдо карданд. Дар ин бора вазорати мудофиаи Қазоқистон хабар медиҳад.

Вазорат хабар намедиҳад, ки донишҷӯ дар чӣ шароите фавтидааст.

"Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқ шуруъ шудааст", - хабар доданд дар вазорати мудофиаи Қазоқистон.

Дар соли гузашта дар сохторҳои вазорати мудофиаи Қазоқистон марги бештар аз даҳ низомӣ, ба вижа сарбозони қаторӣ тасдиқ шуда буд.

Моҳи июни соли гузашта, баъди марги сарбози навбатӣ дар яке аз қисмҳои низомии Қазоқистон, мақомоти низомии он кишвар гуфтанд, ки маъракаи пешгирӣ аз қонуншиканиро амалӣ месозанд. Аммо аз натиҷаҳои он маърака мақомот хабар надоданд.