Вазорати меҳнати Қирғизистон лоиҳаи қонунро "Дар бораи тасвиби Конвенсия дар бораи решакан кардани зуроварӣ ва озори ҷинсӣ дар соҳаи меҳнат" ба баррасии ом пешниҳод кардааст. Лоиҳа дар сомонаи "Koomtalkuu.gov.kg" нашр шудааст.
Дар замимаи лоиҳаи қонун аз конвенсия иқтибос оварда шудааст, ки "зӯроварӣ ва озори ҷинсӣ дар ҷаҳони меҳнат як қатор рафтор ё таҳдидҳои ғайри қобили қабулро меноманд ва онҳо хоҳ якдафъаина бошанд, ё такрорӣ. Пайомади эҳтимолии ин рафторҳо зарари ҷисмонӣ ва равонӣ хоҳад буд".
Бар асоси лоиҳа, қонуни нав ба ҳамаи кормандон, аз ҷумла ба бахши хусусӣ низ дар сурати қабул дахл хоҳад дошт.
Ин конвенсияи 190-уми Созмони байналмилалии меҳнат аст, ки соли 2019 қабул шуда, ҳадафи он решакан кардани хушунат ва озори ҷинсӣ дар соҳаи меҳнат аст.