Шаҳризода Аҳмадова тасмими Вазорати фарҳангро танқид кард

Каниза ё Шаҳризода Аҳмадова

Овозхони узбек Каниза ё Шаҳризода Аҳмадова, ки барои либосаш як моҳ аз ҳаққи овозхонӣ маҳрум шуд, Вазорати фарҳанги Узбекистон ва ширкати давлатии “Узбекконсерт”-ро танқид кард.

Вай гуфтааст, бо вакили дифоъ ва хабарнигорон ба назди вазир меравад.

Вазорати фарҳанги Узбекистон фаъолияти ин овозхонро барои гуё рафтори “ғайриахлоқӣ” ё пӯшидани шими ҳамранги пӯсти бадан дар як баромадаш барои як моҳ манъ кард.

Баҳодур Аҳмадов, муовини вазири фарҳанг ва сайёҳии Узбекистон, ба хабаргузории “Дарё” гуфтааст, ба овозхон огоҳӣ додаанд ва дар сурати ислоҳ шудан метавонад корашро идома диҳад.

Шаҳризода Аҳмадова дар посух аз ноадолатии мақомот шикоят карда, гуфтааст, бо супориши онҳо ройгон дар барномаҳои консертӣ ширкат мекард ва дар иваз ташаккур ҳам намешунид.