Амрико барои иҷрои шартҳои созишномаи Силоҳи таҳоҷумии стратегӣ-3 аз сӯи Русия, кумак ба Украинаро кам намекунад. Дар ин бора рӯзи чаҳоршанбе сухангӯи Департаменти давлатии Амрико Нед Прайс хабар дод.
Изҳороти Прайс дар вокуниш ба суханони муовини вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Рябков аст.
Рябков пештар гуфта буд, ки берун шудани Русия аз Созишномаи кам кардани силоҳи таҳоҷумии стратегӣ танҳо баъди "тағйир ёфтани рафтори ИМА" дар муносибат бо Украина баррасӣ мешавад.
"Омодагии Русия ба мусоидатсозии ноустуворӣ ва истифодаи бемасъулиятонаи силоҳи ҳастаӣ ба ҳамаи кишварҳои ҷаҳон хатар эҷод мекунад. Хориҷ шудани Русия аз созишномаи мазкур боис намешавад, ки ИМА кӯмакҳояшро ба Украина кам кунад", - гуфт Нед Прайс.
Владимир Путин, президенти Русия охири моҳи феврали соли ҷорӣ гуфт, ки кишвараш аз созишномаи коҳиши Силоҳи таҳоҷумии стратегӣ хориҷ мешавад.