Блинкен гуфт, ҳодисаҳои Қарақалпоқистон бояд таҳқиқ шавад

Шавкат Мирзиёев ва Энтони Блинкен.

Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен рӯзи чоршанбе баъд аз сафари худ ба Узбекистон барои иштирок дар саммити "G20" озими Ҳинд шуд.

Блинкен дар шаҳри Тошканд бо президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва иҷрокунандаи вазифаҳои вазири умури хориҷии он кишвар Бахтиёр Саидов мулоқот кард.

Котиби давлатии ИМА дар суҳбат бо рӯзноманигорон дар Тошканд гуфт, иддаои нақзи ҳуқуқи инсон, аз ҷониби мақомоти интизомӣ дар ҷараёни ҳодисаҳои шаҳри Нуқуси Қарақалпоқистон бояд ҳамаҷониба ва ошкоро таҳқиқ шавад.

Эътирозҳо дар Қарақалпоқистони Узбекистон баъди он шуруъ шуданд, ки тарҳи нави Конститутсияи он кишвар нашр гардид. Дар тарҳи нав мақоми Қарақалпоқистон ҳамчун ҷумҳурии мустақил бекор ва он аз ҳаққи хориҷ шудан аз ҳайати Узбекистон маҳрум гардида буд.

Ба иттилои мақомоти Узбекистон, дар ҳодисаҳои шаҳри Нуқуси Қарақалпоқистон рӯзҳои 1 ва 2-юми июли соли 2022 21 кас кушта, 243 тани дигар маҷруҳ шудаанд. Бештар аз 500 кас боздошт шуда буд.