Қазоқистон айни замон аз ҷониби Русия хатареро намебинад.
Дар ин бора Мухтор Тлеубердӣ, вазири корҳои хориҷии Қазоқистон, дар нишасти хабарии муштарак бо котиби давлатии Амрико Энтони Блинкен рӯзи 28-уми феврал дар шаҳри Остона хабар дод.
"Дар айни замон аз ҷониби Русия хатар ё таҳдидеро намебинему эҳсос намекунем. Қазоқистон ҳамроҳ бо кишварҳои дигар узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ, ИДМ аст, ки Русия ҳам узви ин созмонҳост. Аз ин рӯ, муносибатҳоро бо Русия ба сифати ҳампаймон баррасӣ мекунем", - гуфт Тлеубердӣ.
Пеш аз ин изҳорот Тлеубердӣ гуфт, "Қазоқистон дар воқеъ бо Русия ва Украина робитаҳои таъхирӣ дорад". Вай афзуд, "ҳамаи ин вазъият барои мо, барои иқтисоди мо сахт аст ва мо талош дорем, ки аз таъсири манфии таҳримҳо пешгирӣ кунем".
Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен рӯзи 28-уми феврал дар Остона гуфт, Амрико аз ягонагӣ ва тамомияти арзии Қазоқистон ҳимоят мекунад.