Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон гуфт, эҳтимол номусоидии обу ҳаво боис ба суқути чархболи Ми-8 дар вилояти Қазоқистони ғарбӣ шудааст. Дар он садама 4 кас ҷон бохта, ду кас маҷруҳ шуд.
Мереке Пшембоев, ноиб-вазири ҳолатҳои фавқулода, рӯзи 1-уми март дар ҳузури рӯзноманигорон чунин изҳорот дод.
"Чархбол нав буд - ҳамагӣ як сол истифода шуда буд. Шубҳае нест, ки вазъи техникиаш хуб буд. Таҳқиқ идома дорад аз натиҷааш хабардор мекунем", - гуфт Мереке Пшембоев.
Чархболи марбут ба ширкати "Казавиаспас" рӯзи 23-юми феврали имсол суқут кард.