Ҳукумати Тоҷикистон тарҳи нави қонун "Дар бораи алоқа", ки иртиботи телефонӣ ва интернетро дар кишвар танзим мекунад, ба порлумон пешниҳод кардааст.
Радиои Озодӣ матни лоиҳаро надид. Маълум нест, чиро дигар кардаанд.
Дафтари матбуоти президент навишт, мақсад аз таҳияи қонун "таъмини амнияти иттилоотӣ, рақобати озод ва рушди соҳа, пешгирии таҳдидҳои нав ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ... мебошад."
Тарҳи нав пас аз як танқиди раиси ҷумҳурӣ аз нархи гарону суръати сусти интернет дар охири соли гузашта таҳия шудааст. Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солона ба порлумон дастур дод, қонунро дар бораи алоқа бознависӣ кунанд.
Ин қонун бори охир соли 2017 қабул шуд ва бо сабтиноми дигарбораи симкортҳо ба ёд монд. Дақиқ нест, дар қонуни нав ин муқаррарот мондааст ё аз байн рафта.