Давлатмурод Тоҷимуродов ба Додгоҳи олӣ шикоят кард

Давлатмурод Тоҷимуродов

Ринат Тоҷимуродов, бародар ва вакили мудофеи гумонзади асосии ҳодисаҳои шаҳри Нуқуси Қарақалпоқистон Давлатмурод Тоҷимуродов, ки чанде пеш 16 сол аз озодӣ маҳрум шуд, ба Додгоҳи олии Узбекистон шикоят кардааст.

Тибқи иттилои хабаргузории "Газета.uz", Ринат Тоҷимуродов гуфтааст, бародарашро беасос ба "тавтеа бо ҳадафи ғасби қудрат ё барҳам задани сохти конститутсионии Узбекистон" айбдор карданд. Зеро, ба гуфтаи ӯ, Давлатмурод Тоҷимуродов қасди барҳам задани сохти конститутсиониро надошт.

Додгоҳи Қарақалпоқистони Узбекистон рӯзи 31-уми январ ҳукми 22 нафар аз айбдоршавандагони ҳодисаҳои Нуқусро эълон кард.

Давлатмурод Тоҷимуродов, ки айбдоршавандаи асосии ҳодисаҳои Нуқус номида мешавад, бо айбҳое амсоли "тавтеа бо ҳадафи ғасби қудрат ё барҳам задани сохти конститутсионии Узбекистон", "Ғорат бо роҳҳои азхудсозӣ ё исрофкорӣ", "Қонунигардонии даромадҳои ғайриқонунӣ", "Ташкили бетартибиҳои оммавӣ, ки боиси хушунат ва зиёни молӣ шудааст" ва ғайра 16 сол зиндонӣ гардидааст.

Ба ҷуз ин, Тоҷимуродов ба ҷуброни зарари моддӣ дар ҳаҷми бештар аз 20 ҳазор доллари ИМА вазифадор шудааст. Пештар додситон барои вай 18 соли зиндон талаб карда буд.

Эътирозҳо дар Қарақалпоқистони Узбекистон баъди он шуруъ шуданд, ки тарҳи нави Конститутсияи он кишвар нашр гардид. Дар тарҳи нав мақоми Қарақалпоқистон ҳамчун ҷумҳурии мустақил бекор ва он аз ҳаққи хориҷ шудан аз ҳайати Узбекистон маҳрум гардида буд.

Ба иттилои мақомоти Узбекистон, дар ҳодисаҳои шаҳри Нуқуси Қарақалпоқистон рӯзҳои 1 ва 2-юми июли соли 2022 21 кас кушта, 243 тани дигар маҷруҳ шудаанд. Бештар аз 500 кас боздошт шуда буд.

Баъди он ҳодисаҳо аз тағйир додани мақоми Қарақалпоқистон даст кашиданд.